Мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки ҷамоати Саричашмаи (Шӯрободи собиқ), ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳини мебошад. Мақбара дар наздикии дарёи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавҷуд аст.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Номи пештараи он Шӯрообод буда дар соли 2016 ҳукумати ҷумҳурӣ ин ноҳияро ба номи Шамсиддин Шоҳин гузошт. Шамсиддини Шоҳин шоири маъруфи тоҷик мебошада ки дар охири асри 19 дар солҳои 1865-1896, зиндагӣ кардаст. Гузаштагони шоир аз Хатлон ба Бухоро рафтаанд.Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод аст, ки дар доманаи куҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад.

Тарҳи меъмории мақбара

Мақбараи Шоҳи Ёрмуҳаммади Валӣ иншооти росткунҷаи сергунбаз буда, аз хишти пухта бино гардидааст. Мақбара аз се ҳуҷраи мурабаъ-зиёратхонаҳо ва гӯрхона иборат аст, дар ду тарафи гурхона, ки зиёратхонаҳо мавҷуд аст барои намозгузорӣ истифода мешавад. Аз қасмати ҷанубии мақбара суҳуҷраи гунбаздор бо даромадгоҳҳои гӯрхона пайваст мебошанд. Даромадгоҳи мақбара равоқӣ буда, аз як силсила тоқҳои бо нақшу нигор ороёфта иборат мебошад.
Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ аз қабр, зиёратгоҳ ва айвон иборат аст. Тахмин меравад, ки ин қисматҳои онҳо дар асрҳои XIV-XV сохта шудаанд. Тибқи маълумоти манбаҳои хаттӣ маълум мешавад, ки Шайх Ёрмуҳаммад Валӣ дар соли 1378 вафот кардааст. Аз ин рӯ, гуфтааст, ки бинои мақбараи зерин дар асри XIV сохта шудааст. Дертар утоқҳои сеюм ва чорум, ва аз ҳама охи зиёратгоҳ ва толори намоз сохта шуданд.Деворҳои ғарбӣ ва шарқии гӯрхонаҳои якум ва дуюм тоқ доранд, ки таъйиноташон номаълум аст. Дар асрҳо XVI – XVII дар қисмати ҷанубӣ боз се утоқи дигар сохта шуданд, ки нақши масҷидро иҷро мекарданд.

Ҳамаи утоқҳо гунбазпӯшанд; гунбазҳои гӯрхонаҳои шайх ва писараш бузургтар буда, дар маҷмаъ мавқеи марказиро ишғол мекунанд. Ҳамаи утоқҳо бо дарҳо ба якдигар робита доранд. Утоқҳои дар қисмати ҷанубӣ сохташуда бе пештоқ мебошанд. Пештоқи утоқи марказӣ сардари баланд ва даромадгоҳи калонтару жарфтар дорад. Он ду дар, ду даромадгоҳ, ду то даҳлез ва шашт то ҳуҷра дорад. Дар ҳуҷраи марказии оромгоҳ бузургвор бо писараш мадфун аст. Дар атрофи мақбара сангҳои ранга гузошта шудаанд.Дар лавҳаи болои дари мақбара чунин байтҳо сабтҳо шудаанд, ки ифодагари боварии мардум ба каромоти ин шахсияти маъруф, ва маъруф будани ӯ ҳамчун Пири тариқати суфиҳо дар байнашон мебошад. Аз ҳамин хотир ёдгории таърихӣ бо номи мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ ё бо ибораи Пири Баҳорак маълуму машҳур буда, ҳамасола мардумони зиёд ба зиёрати ин макон меоянд.

Аксҳо

Роҳи сафар ба мақбара

Ба ин мавзеъ, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст, расидан душвор аст. Яке аз роҳи сафар ба он аз Кӯлоб тавассути қаламрави ноҳияи Восеъ мебошад. Барои расидан ба ин минтақа аз Кӯлоб тақрибан 3 соат лозим аст. Роҳи дигар ба ин минтақа аз Шамсиддин Шоҳин, (Шӯрообод) меояд. Бо вуҷуди ин, он аз роҳи асосӣ хеле дур ҷойгир буд. Роҳе, ки ба ин макон мебарад, дар ҳолати хеле бад қарор дорад ва аз боришот осеб дидааст.

Мехмонхонахо

Sipehr Hotel 4*

Меҳмонхонаи «Сипеҳр» дар Чкаловск (аз соли 2016 Бӯстон) манзилҳои дӯстдоштаи ҳайвонотро пешниҳод мекунад. Wi-Fi ройгон ва иншооти барбекю таъмин карда шудааст. Дар наздикии он таваққуфгоҳи

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Sugdiyon Hotel 3*

Меҳмонхонаи «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Он дорои маркази фитнесс, боғ, утоқи муштарак ва тарабхона мебошад. Кабулгох 24 соат кор мекунад. Дар саросари амвол

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Safir Hotel 4*

Меҳмонхонаи тиҷоратии SAFIR дар Душанбе, 5,2 км аз роҳи кабелии Душанбе ҷойгир аст. Он боғ, таваққуфгоҳи ройгони хусусӣ, як утоқи муштарак ва террасро пешниҳод мекунад.

Муфассалтар »