Боғи Садриддин Айнӣ

Боғи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ дар қисми шимолӣ ҷойгир шудааст.

Боғи Садриддин Айнӣ боғи фарҳангию фароғатӣ, ки соли 1960 дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Масоҳати тамоми боғ 6 гектарро ташкил медиҳад. Хиёбони асосии боғ ба қисмати мудаввар мебарад, ки аз он ҷо гулгашти тӯлонӣ оғоз ёфта, ба даромадгоҳи дуюм мебарад. Дар даромадгоҳи боғ як гулгашти рости асосӣ ҷойгир аст, ки дар он ҳайкали нишаста ҷойгир аст – муҷассамаи Садриддин Айнӣ, ки дар паҳлӯи он фаввораҳои зебо сохта шудаанд. Ғайр аз ин, дар охири гулгашт Мақбара мавҷуд аст, ки дар он оморгоҳи нависанда аввалин академик, сардафтари адабёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҷойгир аст.

Муҷассамаи Садриддин Айнӣ баландии 5,8 метрро ташкил медиҳад, ки масоҳати он 57 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва онро ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев сохтааст.

Боғ дорои айвонҳо, балконҳо, чойхона, шаклҳои хурди меъморӣ, унсурҳои тарроҳии боғ, фаввора ва ғайра мебошад. Дар боғ дарахтони гуногун, токзорҳо, буттаҳо ва гулҳо шинонида шудаанд.

Дар маркази боғ, дар гулгашти асосӣ, ба ифтихори одамони номдори ҷумҳурӣ ёдгорӣ сохта шудааст. Хиёбон бо мақбараи Садриддин Айнӣ, ки дар болои қабри ӯ дар солҳои 1958-1960 сохта шудааст, ба поён мерасад (муаллифи нимпайкараи С. Айнӣ, ҳайкалтарош А. А. Мануилов) мебошад.

Муҷассама  макони  боздиди сайёҳон ба ҳисоб меравад, ки  дар  шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.  Дар гирду атрофи боғ қаҳвахона, ошхона ва мабраз ва барои истифодаи васеи иттилоот Wi-Fi мавҷуд аст.

Uncategorized

Кӯли Булункул ва Гейзер

Яке аз кӯлҳои дигари Помир, ки дар руйхати маконҳои саёҳии муайяншуда воридшудааст, Булункӯл мебошад. Ин кӯли начандон калон дар баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр

Муфассалтар »
Минтақаҳо

Дараи Варзоб

Дараи Варзоб дар наздикии бевоситаи шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар ин самт шумо метавонед ҳаловат баред аз истироҳат дар лаби дарёи сарду шӯхи Варзоб ва

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгоҳи “Зумрад”

10 километр дуртар аз шахри Исфара, дар шимоли Точикистон, дар баландии 800 метр аз сатхи бахр, дар мавзеи хушманзара минтакаи машхури курорт — санаторияи «Зумрад»

Муфассалтар »