Childukhtaron Hotel

Дар қалби кӯҳҳо ва мавзеи зебо меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо тамоми шароити хизматрасонии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир бунёд шудааст, ки имконияти дар як вақт қабул намудани то 100 нафар меҳмонро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо тарҳу шаклҳои мухталиф, бахусус санъати волои меъмории миллӣ бунёд шуда, хизматрасонӣ дар онҳо бо талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонхона дорои 50 ҳуҷра буда, аз апартаментҳо, ҳуҷраҳои люкс, ҳуҷраҳои ним-люкс ва ҳуҷраҳои стандартӣ иборат мебошад. Дар баробари ин, меҳмонхона дорои тарабхона, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои баргузории конфронсҳо ва маҷлису мизҳои мудаввар ва ҳаммом мебошад.

Саҳн ва шафати меҳмонхона бо гулу буттаҳо, сабзаву ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин бо боѓча ороиш дода шудааст.

Дар шафати меҳмонхона барои меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо усулҳои хоси миллӣ хонаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла хонаҳои хатлонӣ, бадахшонӣ, суѓдӣ ва раштӣ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд карда шуданд.

Турпакетҳо

ТУРСУНЗОДА

Шаҳри аграрии Тоҷикистон, ки бо боғҳои пурмаҳсули ангур, мардуми меҳнатдӯст ва корхонаи калони алюминий машҳур аст. Фасл: — март-ноябр Ба нарх дохил карда шудааст: —

Подробнее »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тахти Сангин

Тахти Сангин макони машҳури таърихӣ дар тамоми Тоҷикистон аст. Он дар масофаи 34 км дуртар аз ноҳияи Қабодиён дар омезиши ду дарё, яъне Вахш ва

Подробнее »
Uncategorized

Чашмаи Биби Фотимаи Заҳро

Чашмаи Биби Фотимаи Захро дар масофаи кӯтоҳе аз деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим дар баландии 3,025 метр бо координатаҳои зерини ҷуғрофӣ (36.585934 N, 72.154901 E) ҷойгир

Подробнее »