Меҳргон

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб меравад ва бо зич пайваста аст. Агар Наврӯз ин рӯзи баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ бошад, Меҳргон ин баробаршавии шабу рӯз дар тирамоҳ ва ҷашни фаровонию ҷамъоварии ҳосилот мебошад.

Иди Меҳргон сарчашмаи худро аз давраҳои то мелодӣ мегирад. Бостоншиносон дар шаҳри қадимаи Панҷакент тасвири девориеро кашф кардаанд, ки ба асрҳои VI-VII таалуқ дорад ва дар он деҳқон ва ҷамъоварии гандум ба ҷуволҳо нақш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон ин ид дар соли 2009 аз нав таъсис ёфта ба сатҳи ҷашнҳои миллӣ баробар гардонида шудааст. Дар ин рӯз боғу гулгаштҳо бо дӯконҳои пур аз меваю сабзавоти тару тоза пур мешаванд, таъомҳои анъанавӣ тайёр карда мешаванд ва мардум бо либосҳои миллӣ дар бар ба рақсу бозӣ ҷашн мегиранд.

Меҳргон фурсате аҷибест то Тоҷикистонро боздид намуда ба муҳити фарҳанги бозинат ва таърихи қадими халқи тоҷик ғарк гардед. Бештар аз он, ин имконияти хубест аз табиати зебои тирамоҳии манзиламон ҳаловат бурда ҳосилоти нави тару тозаро бичашед.

Вилояти Суғд

Саразм

Шаҳри Панҷакент яке аз марказҳои муҳими тиқоративу фарҳангии Роҳи Абрешим ба шумор мерафт. Дар дастаи чапи дарёи Зарафшон шаҳраки қадимаи Саразм боқи мондааст, ки дар

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ривояти Яшилкӯл

Аҳолии тоҷики муқими ноҳияи Мурғоб низ ин кӯлро Суманкӯл меноманд. Тибқи ҳикоя духтаре бо номи Суман бо як писари хурдсол вомехӯрад ва онҳо ошиқ шуда,

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Шаршараи Сари Хосор

Шаршараи Сари Хосор дар канори дарёи Сурхоб, дар њудуди Љамоати дењоти Сари Хосори ноњияи Балљувон љойгир шудааст Шаршара аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 199

Муфассалтар »