Маълумоти муфид
- Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон сомонаи раводиди электрониро фаъол намуд. Акнун шахсоне, ки бо сафарҳои кутоҳмуд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд метавонанд ба роҳи содда раводидро ба даст оранд.
- Сомонаи давлатии www.evisa.tj аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Якчанд сомонаҳое мавҷуд аст, ки ба воситаи он истифодабарандагон метавонанд бар ивази пардохти хизматрасони раводиди электрониро ба дастрас намоянд. Ин сомонаҳо ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон алоқаманди надошта дар сурати пайдо гардидани нуқсон ё нофаҳмиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар буда наметавонад.
- Раводиди электронӣ ҳуҷҷати расми мебошад, ки иҷозаи вуруд ва сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад. Шумо танҳо дар сурати берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будан метавонед барои гирифтани раводиди электронӣ дархост кунед.
- Раводиди электронӣ ҳамчун ивазкунанда раводид ҳангоми вуруд бв Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Раводиди электронӣ танҳо барои истифодабари дар муддати кутоҳ пешбини шудааст (танҳо 45-рӯз)
- Дар сурати аз муҳлати муқарраршуда барзиёд будубош намудан, дорандаи раводид ҷарима, ихроҷ ва ё дар сафари оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ карда мешавад.
- Лутфан, огоҳ бошед, ки мӯҳлати эътибори ҳуҷҷати сафар ва шиносномаи Шумо қабл дархости раводид бояд зиёда аз 6-моҳ эътибор дошта бошад.
- Вобаста ба шаҳрвандии Шумо метавонад метавонад ҳуҷҷатҳои иловаги талаб гардад. Оид ба ҳуҷҷатҳои Шумо баъд аз интихоби шаҳрванди ва санаи хабардор карда хоҳед шуд.
- Маълумотҳои пешниҳодгардидаи Шумо ҳангоми убури сарҳад тафтиш мегарданд. Дар ҳолати пешниҳоди маълумоти нодуруст раводиди Шумо бекор кардашуда, вуруди Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад
- Ҳангоми баррасии раводиди электронии Шумо, маълумотҳои воридгардида тағйир дода намешаванд. Маълумотҳои пешниҳоднамудаи Шумо бояд бо ҳуҷҷати сафар мутобиқат намоянд. Дар дигар ҳолат, раводиди Шумо бекор карда шуда маблағи пардохт намудаи Шумо бозпас намегардад.
- Лутфан огоҳ бошед, ки Маркази дастгирии Раводиди электронӣ (Саҳифаи асосӣ > Тамос > Шакли тамос) дар ҳолати пардохтҳои дар навбатбуда ва номуваффақ дастгири мекунад. Лутфан қабл машварат бо мо дархост ва пардохти нав нанамоед. Вазорати корҳои хориҷӣ барои пардохтҳои иловагӣ ва баргардондани маблағи Шумо дар рафти амалиётҳои ба анҷом нарасида, ҷавобгар намебошад.
- Пардохти раводиди электронӣ танҳо бо доллари ИМА анҷом дода мешавад. Дар ҳолати надошатани суратҳисоб бо доллари ИМА, маблағ бо асъори милли нисбати доллари ИМА дар рузи амалиёт ситонида мешавад.
- Баъд аз пардохт ва тасдиқ, раводиди электронӣ тавассути почтаи электронӣ Шумо ирсол карда хоҳад шуд. Нозири нуқтаи сарҳади ҳангоми вуруди Шумо, метавонад раводиди электронии Шуморо тафтиш намояд. Тавсия дода мешавад, ки нусхаи чопии раводиди худро бо худ дошта бошед (дар таҷҳизоти мобилӣ) дар ҳолати эҳтимолии корношоям шудани барнома.
- Муҳлати эътибори раводиди электронии Шумо дар фарқият аз муҳлати будубош гуногун мебошад. Шумо метавонед дар муҳлати эътибор вориди Ҷумҳурии Тоҷистон шавед. Лутфан огоҳ бошед, агар Шумо хоҳиши қабл аз мӯҳлати дар раводиди электронии Шумо дарҷгардида вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шавед, ба Шумо зарур аст дархости нав намоед.
- Раводиди электронӣ бо сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандие надорад. Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва эзоҳҳо метавонед аз Маркази дастгирии Раводиди электронӣ Саҳифаи асосӣ > Тамос > Шакли тамос бо мо тамос гиред.