САЙЁҲӢ – ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН. Бардошт аз Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»

ТААССУРОТИ МЕҲМОНОН: «Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои муваффақ дар бахши сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт»
August 8, 2019
Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» беш аз 40 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд
August 9, 2019
Show all

САЙЁҲӢ – ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН. Бардошт аз Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»

Баргузории нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» бо ҳузуринамояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти соҳавии кишварҳои шарик, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар муаррифии имконоту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари бахши сайёҳаташ дар ҳоли рушд, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди инфрасохтори  сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузорад.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абуғаффорзода дар маросими ифтитоҳи нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён намуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории  Форуми байналмилалии сайёҳӣ иттилоъ медиҳад, ки ин форуми муҳими сатҳи баланд  дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар он 400 нафар намояндагон аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид меҳмонон-иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам  гуфта, зикр кард, ки “ сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар як давлат маҳсуб ёфта, муаррифи таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст».

Давлаталӣ Саид афзуд, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ  дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳам ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва беназир аст. Дар мамлакат мақомоти  салоҳиятдори бахши сайёҳӣ –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда,  Стратегияи рушди сайёҳӣ барои  давраи  то соли 2030» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамзамон аз ҷониби Парлумони  мамлакат як зумра санаду қонунҳои танзимкунандаи соҳаи сайёҳии мамлакат қабул гардиданд, ки барои рушди соҳа мусоидат менамоянд.

 

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381