РОҒУН — МИНТАҚАИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ. Дар ин шаҳр панҷ хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ. Хӯрокҳои лазизи миллӣ – заминаи муҳими ҷалби сайёҳон
August 27, 2019
МАРҲАБО БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА! Кумитаи рушди сайёҳӣ хатсайрҳои нав таъсис дод
August 30, 2019
Show all

РОҒУН — МИНТАҚАИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ. Дар ин шаҳр панҷ хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади рушду муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Роғун 5 хатсайри нави сайёҳӣ таъсис доданд. 

«Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди бемайлони сайёҳӣ буда, татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст», — афзуд манбаъ.

Хатсайри сайёҳии «Хоҷа Ҷунайд» барои саёҳати пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шуда, дар давоми моҳҳои май ва октябр сайёҳон метавонанд, аз ин хатсайр истифода намоянд.  Давомнокии сафар  4-7 соатро дар бар гирифта, масофаи роҳ аз маркази шаҳри Роғун  13 км ва аз пойтахт то макони минтақаи сайёҳӣ 123 километр мебошад. Гардишгароне, ки ба ин минтақа сафар мекунанд, аз нақлиёти тамғаҳои сабукрави баланд истифода мебаранд.

Дар моҳҳои май, июн ва нимаи моҳи июл табиати ин мавзеъ сарсабз буда, боду ҳавои форами салқин ва гоҳ-гоҳ тақрибан аз соатҳои 11 то 13 гарм мешавад. Дарахтон ва гулу буттаҳои мевадиҳандаю сояафкан, ба монанди дарахтони, олучабандак, дулона, писта бодом, арча тут, гулхор, ирғай шулаш, талох, аз буттаҳо, тахач, чаҳир кокутӣ, ҳолмон ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.

Дар мавзеи мазкур ширхораҳо ба монанди муши мирон, гург хирс, рубоҳ, ҷайра, сангпушт ва бузи куҳӣ дида мешавад. Беш аз 100 намуди паранда ва 380 намуд ҳашаротҳоро вохурдан мумкин аст. Ҳамзамон нушидани об аз чашмаҳои дар хатсайрбуда тавсия дода мешавад.

Хатсайри сайёҳии дигар дар шаҳри Роғун – «Ёнахш» мебошад.  Минтақаи Ёнахш дар масофаи 30 км аз маркази шаҳри Роғун воқеъ буда,  аз пойтахт то макони минтақаи сайёҳӣ дарозии роҳ 135 километрро ташкил медиҳад. Дар ин хатсайр сайёҳон таассуроти хубро аз имкониятҳои сайёҳии экологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ бардошта, инчунин  метавонанд аз саёҳати пиёдагардӣ ва кӯҳнавардӣ низ баҳравар шаванд.  Имкони истифодаи нақлиёти автомобилӣ ҳам мавҷуд аст.  Дар аксарияти тӯли роҳ манзараҳои зебои деҳаҳои Чормағз, Пору, Фаррух, Ғофилобод ва Ғашён намудор аст. Дарахтон ва гулу буттаҳои мевадиҳандаю сояафкан, ба монанди дарахтони себ, нок, олучабандак, дулона, писта, бодом, тирак, сафедор, бед, арча, тут, гулхор, ирғай, шулаш, аз буттаҳо, тахач, чаҳир, куруш паламбарг, кокутӣ, торон, беда, гандум, ҷав, зағир ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.

Хатсайрҳои сайёҳии пиёдагардии «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» аз  ҷумлаи хатсайрҳои нав барои гардишгарию саёҳат дар шаҳри Роғун буда, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ташкил ёфтанд. Ин иқдом  қадами устуворе барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳри Роғун мебошад, ки зина ба зина инфросохтори сайёҳиро таҳким мебахшад.

Доир ба ин хатсайрҳои сайёҳӣ маълумоти пурраро аз сомонаи интернетии www.roghun.tj дастрас кардан мумкин аст. Инчунин, дар даромадгоҳи шаҳри Роғун гӯшаи таблиғотӣ бо нишонаи саёҳати пиёдагардӣ ва нақлиётӣ, масоҳати умумии хатсайр гузошта шудааст. Ҳамзамон. дар масофаҳои муайян шиноснома, нишонаи масоҳати роҳ ва номи деҳаҳо дар лавҳаҳои махсус навишта шудаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун 254 адад иншооти хизматрасонӣ фаъолият менамояд. Шаҳр дорои 3 тарабхона, 32 ошхона, 3 меҳмонкада, 6 осоишгоҳ, 5 ҳаммом, 19 дорухона, 7 толори варзиш, 116 мағоза, 5 сехи дӯзандагӣ, коргоҳи адрасбофӣ ва 1 сехи маҳсулоти нонӣ мебошад. Бо мақсади хидматрасонии хуб барои сайёҳону меҳмонон дар шаҳр осорхона, боғи фарҳангии замонавӣ, 6 осоишгоҳ, тарабхонаву қурутобхона бо тарҳу таҷҳизоти миллӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ фаъолият менамоянд.

Мавзеъҳои фарҳангиву таърихие ба мисли зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайд, ки дар баландии тахминан 1750 м аз сатҳи баҳр дар дохили ҷангалзор воқеъ мебошад, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб мекунанд. Инчунин, мақбараи Эшони Қиёмиддин, мақбараи Эшони Абдураҳмонҷон, мазори Хоҷаи Дарвеш, Хоҷаи Қалавур, Ҳазрати Фарҳод, Ҳазрати Шоҳ, Хоҷаи Бӯстон, Хоҷаи Ҳофиз, Хоҷаи Гулрез, мазори Сарчашма, хазинаи Акаҷонбой, кӯҳи Яхдон, мавзеъҳои Гули Сурх, Луғур, Марғзор, дараи Хоҷхарф ва ғайраҳо арзи ҳастӣ доранд.

Шаҳри Роғун дар саросари ҷаҳон бо бунёди неругоҳи азими “Роғун” низ машҳур аст. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мутобиқи лоиҳа навъи садд буда, баландиаш 335 метр ва таркиби сарбанд аз сангҳои партофташуда ва маводҳои маҳаллӣ иборат аст, ки дар минтақа назир надорад. Бо пурра ба истифода додани он ин минтақа  ба яке аз брендҳои сайёҳии Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Аз як сӯ шаҳомати НБО «Роғун» бо вижагиҳои муҳандисиаш, аз ҷониби дигар ба вуҷуд омадани як муҳити зебои экологӣ бо шароити мусоиди сайёҳӣ ба рушди туризм таъсири амиқ хоҳад гузошт.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381