Душанбе ва атрофи он

Душанбе – аз соли 1925-ум пойтахти Чумхурии Точикистон ба шумор рафта яке аз ободтарину серахолитарин шахри кишвар ба хисоб меравад. Дар он корхонаву ташкилотхои калонтарин ва вазорату сохторхои давлати чойгир мебошанд. Дар шахри Душанбе сохторхои маъмурии кишвар аз чумла Бошишгохи Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати кишвар, Парлумон, Вазорати иктисод, Вазорати мудофиа, Вазорати Молия, Бонки милли, сафоратхонахо, Донишгоххо, Марказхои Савдо, Богхои фархангию фарогати ва гайрахо мавчуданд.

Ахолии шаҳри Душанбе дар аввали соли 2017 аз 902 хазор нафар ва бо мехмононе ки аз дуру наздик омада истикомати муваккати доранд ба 1,3 млн нафар мерасанд. Аҳолии шаҳри Душанбе аз миллатхои гуногун иборат буда асоси онро тоҷикон ташкил мекунанд. Ақалиятҳои милли ба монанди узбекҳо, русҳо, қиргизҳо, туркманҳо ва ғайра,низ истиқомат мекунанд.

Шахри Душанбе аз нигохи чугрофи 38° пахнои шимоли ва 68° дарозии шарки дар водии Хисор дар ду пахлуи дарёи Душанбе (Варзоб),дар баландии 750-800 метр аз сатхи бахр чойгир мебошад. Масохати умумии шахри Душанбе 127 км² – ро ташкил медихад.

Дарозии шахр ба 14 километр баробар буда пахноияш ба 15 км. мерасад

Шахри Душанбе ба чахор нохияи маъмури ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шохмансур таксим шудааст: Аз тарафи шимоли шаҳри Душанбе ноҳияи Варзоб, аз чануб, ғарб ва шарқ ноҳияи Рудаки воқеъ мебошад. Қисми шимолии шаҳр баландтар ва қисми ҷанубиаш пастар мебошад. Аз тарафи шимолии шаҳри Душанбе куҳҳои Ҳисор воқеъ мебошад ва онхо сарчашмаи оби тозаи барфу пиряхҳо ва пешгирандаи шамолҳои, шиддатнок мебошанд.

khatlon
Вилояти Хатлон

Хатлон дар қисмати ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст. Вилояти Хатлон шаш шаҳр Қурғонтеппа, Кулоб, Норак, Данғара, Сарбанд, Панҷ, ва 21 ноҳия Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восе, Данғара, Ҷомӣ, Ҷиликул, Қубодиён, Кулоб, Қумсангир, Муминобод, Норак, Панҷ, Роғун, Румӣ, Сарбанд, Темурмалик, Фархор, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритус, Шуробод ва Ёвон иборат мебошад. Иқлими вилояти Хатлон континенталӣ буда, дарёҳои асосӣ он Панҷ, Вахш инчунин  аз обанборҳои Селбур ва Муминобод, иборат мебошанд.

hujand
Вилояти Суғд

Суғд яке аз вилоятҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Он 27 уми октябри соли 1939 ҳамчун вилояти Ленинобод таъсис дода шуда буд. Санаи 10 уми ноябри соли 2000 номи он ба вилояти Суғд тағйир дода шуд.  Вилоят дар шимоли Тоҷикистон, дар қаторкӯҳҳои Тиан Шан ва Ҳисор, қисмати шимолии водии Фарғона ҷойгир аст. Вилояти Суғд ба 14 ноҳия: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Ҷабор Расулов, Зафаробод, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен ва Шаҳристон тақсим карда шудааст. Маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд мебошад. Шаҳрҳо дар вилояти Суғд ин Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Қайроқум, Конибодом, Панҷакент, Табошаҳр ва Чкаловск мебошад. Иқлими шаҳри Хуҷанд континенталӣ буда, дарёҳои асосӣ он Сирдарё ва Зарафшон мебошанд. Калонтарин ва машҳуртарин кул ин Искандаркул мебошад. Обанборҳои дигари обӣ ин Қайроққум, Фарҳод, Каттасой ва Даганасай мебошанд.

gbao
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ВМКБ моҳи январи соли 1925 бо қарори Куммитаи иҷроияи Марказии СССР таъсис дода шудааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Қирғизистон дар шимол, бо Чин дар шарқ ва бо Афғонистон дар ҷанубу-ғарб ҳамсарҳад мебошад. Масофаи вилоят аз 64, 200 километр (ё 44, 5 % минтақаи Тоҷикистон) иборат мебошад. Вилоят аз 7 ноҳия ва маркази вилоят шаҳри Хоруғ иборат аст. Вилоят ба шаҳраки Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб тақсим мешавад.

dushanbe2
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

ШНТМ бо 13 минтақа дар маркази Тоҷикистон, аз қисмати ғарбии сарҳади Узбакистон ба шимоли Помир, қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шимоли Қирғизистон ҷойгир мебошад. ШНТМ аз шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон), Ҳисор, Лахш, Нуробод (собиқ Дарбанд), Рашт (собиқ Ғарм, Роғун, Рудакӣ (собиқ Ленинский), Сангвор, Тоҷикобод, Турсунзода, (собиқ Регар), Файзобод ва Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз калонтарин шаҳр дар кишвар ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ, мебошад. Душанбе дар баландии 800 м аз сатҳи баҳр дар водии баландпояи Ҳисор ҷойгир аст. Душанбе дорои фазои континенталӣ буда зимистонҳои сарду хушк дорад.  Дарёи Душанбенка аз маркази шаҳр мегузарад ва дар марказ кули Комсомол ҷойгир аст.  Дар шимоли шаҳр, водии Варзоб ҳамчун мавзеи истироҳатию фароғати вуҷуд дорад. Ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ноҳияи Варзоб ва дараи Ромит ба сифати мавзеи сайёҳӣ ва истироҳатӣ шинохта шудааст.