КУЛОЛГАРӢ 
November 12, 2017
ҚОЛИНБОФӢ
November 12, 2017
Show all

ҚУРОҚ

ҚУРОҚ / ҚУРОҚДӮЗӢ —  аз порахои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Дастурхон, чодари аруси/чимилиқ, кӯрпаву кӯрпача, болиштпуш, чонакпуш ва хоказо медӯзанд. Санъати қуроқдӯзӣ (лиёфдӯзӣ, порчадӯзӣ).
      Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резгиҳои матоъ мебошад. Ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои мухталифи дунё ривоҷ ёфта буд. Дар замони муосир бошад ин пешаро ба сатҳи волои ҳунарӣ расондаанд. Дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ – лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳо дӯхта мешуд, ки бо номҳои “муракаъ” ё “ҳиркаъ” маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳамин ҳиркаъҳоро бар тан мекарданд.
      Дар байни мардум чунин ақида роиҷ буд, ки ҷомаҳои қуроқ ё муракаъ аз балоҳои  осмонӣ ва заминӣ нигаҳ медорад. Дар расми мардуми тоҷик шаклҳои мутановеъи қуроқдӯзӣ мавҷуд аст:

1. дӯхти навъи варақӣ;
2. қуроқи чашмӣ;
3. қуроқи қуӣ;
4. қуроқи  осиёбӣ;
5. қуроқи  ба шакли омезиш.

      Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорост.
      Дар байни тоҷикони водии Фарғона маснуоте, ки аз порчаҳои газвор ва матоъ дуруст мешуд, дар оин ва суннатҳои худ аз таваллуди одам то ба давоми умраш истифода мекарданд. Масалан, дар рӯзи ҳафтуми таваллуди кӯдак аз хонаводагиҳое, ки дар он пирони кордида маскан доштанд, порчаҳои хурди матоъ ҷамъоварӣ намуда ва бо нияти нек (ки дар оянда умри тӯлонӣ ва дорои фарзандон ва наберагони зиёд шавад) аз он порчаҳо пироҳани хурд дӯхта, ба ҷони кӯдак то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд.
Пеш онҳое, ки тифли дардманд доштанд гаҳворапӯши гаҳвораро аз қуроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот диҳанд.
      Дар маросими тӯй бо орзӯи (таманнои) зиндагии босаодат, дифоъ аз суқи чашм  ва атои фарзандон, аз ду ҷониби чодар порчаҳои вараққӣ (“қатлама”) дӯхта мешавад ва ба остонаи дар пойандози қуроқӣ ба шакли гирдача ва чаҳоркунҷа андохта мешавад.
      Дар назди домоду арӯс бошад, дастархони қуроқӣ – суфраи порчагӣ бо таманнои фаровони неъмат ба наварӯсон густурда мешавад.
      Омезиши порчаҳои гуногунранг – рамзи ба синни қӯшапирӣ расидани наварӯсон ва сулҳу оромӣ дар байни қудоҳоро нишон медиҳад. Дар маросими азодорӣ бошад болишти қуроқӣ (қуроқболишт) дӯхта мешуд.
Маснуоти қуроқ дар маҳри арӯсӣ низ дида мешуд. Ба он пойандоз, чодарӣ, болиштҳо ва кӯрпаҳои қуроқӣ дохил мешуд. Онҳоро бо нияти бардавомии сиҳатии кӯдакон ва паноҳдорӣ аз суқи чашм бо тарзҳои гуногун медӯхтанд. Ба маҳри арӯс як пойандози порчадӯзӣ, чодарии порчагӣ, як кӯрпаи болопӯш, 10-то болишт (тагсарӣ)-и қуроқӣ ё лӯлаболишт мегузоштанд. Тибқи суннат модари арӯс кӯрпачаи якандозе медӯхт, ки бо зиёда аз 100 порча ё лиёф оро дода мешуд. Дар як кунҷи кӯрпача тумор ва дар дигараш буҷулакҳои пои гӯсфандро дӯзонида мемонданд. Ин рамзи хушбахтии наварӯсон буд.
      Дар маросими тӯи суннатӣ ду болишти қуроқӣ ва як кӯрпача, як хӯрҷин ва як гарданбанди асп дӯхта мешуд.
      Дар ҳар як маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетикии он, балки хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ зоҳир мегардад. Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусиятҳи таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёфтаанд. Бо василаи қуроқдӯзӣ – нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодёти мардумӣ (истифода) тасвир шудаанд, зинда мегарданд. Бо василаи рангҳои матоъ, мазмун ва ғояи ороиш ва нақшҳои тасвирӣ фосеҳ ва равшан зоҳир мегарданд. Дар замони муосир санъати қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусуситҳои хосаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад.
      Омӯзиши қуроқдӯзӣ – ба кашфи хоссагиҳои мактабҳои мардумии ҳунармандӣ, омӯхтани оину суннатҳо, шавқу завқи устодони кори дӯзандагӣ ва роли қуроқдӯзӣ ҳамчун ҷараёни махсуси бадеӣ мусоидат мекунад.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381