ТААССУРОТИ МЕҲМОНОН: «Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои муваффақ дар бахши сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт»

Меҳмонони Форуми байналмилалӣ аз инфрасохтори сайёҳии минтақаи Варзоб боздид намуданд
August 8, 2019
САЙЁҲӢ – ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН. Бардошт аз Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»
August 9, 2019
Show all

ТААССУРОТИ МЕҲМОНОН: «Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои муваффақ дар бахши сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт»

Тоҷикистон солҳои наздик  ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи  сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад гардид.   Ин нуктаро имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи рушди стратегии туризми Департаменти туризми назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии  Қирғизистон  Айсулуу Абакирова, ки ҷиҳати иштирок дар нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Тоҷикистон -2019» ба Тоҷикистон ташриф овардааст, иброз дошт.

Бояд тазаккур дод, ки  як қисм аз меҳмонон-иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки аз намояндагони  давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз қабили  Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Украина, Ӯзбекистон ва Қирғизистон  иборат буданд,  имрӯз ба  минтақаи сайёҳии Варзоб ташриф оварда, аз инфрасохтори сайёҳии ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон, назири «Кохи Малика» ва Осоишгоҳи   «Хоҷа Обигарм» дидан намуданд. Меҳмонон бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти сайёҳӣ шинос гардида, бо масъулини онҳо мулоқот анҷом доданд.

«Ман  бо итминон гуфта метавонам, ки  Тоҷикистон солҳои наздик  ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи  сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад гардид, зеро  сарзамини  Тоҷикистон дорои  захираҳои бои табиӣ буда,  бо табиати дилфиребу нотакрораш таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб  месозад. Ман инро зимни нахустин сафарам ба Тоҷикистон мушоҳида кардам», — иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигор АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи рушди стратегии туризми Департаменти туризми назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии  Қирғизистон  Айсулуу Абакирова.

Шоми имрӯз  дар боғи «Куруши Кабир»  дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»  намоиши имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо пешниҳоди маҳсулот аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ  доир мегардад, ки аз он иштирокдорони нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»  дидан менамоянд.

Баргузории  нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки пагоҳ оғоз меёбад, дар ҳолест, ки се соли оянда-солҳои 2019-2021  дар Чумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

                                                         Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Facebook29
Facebook
YouTube45
Instagram75