Childukhtaron Hotel

Дар қалби кӯҳҳо ва мавзеи зебо меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо тамоми шароити хизматрасонии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир бунёд шудааст, ки имконияти дар як вақт қабул намудани то 100 нафар меҳмонро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо тарҳу шаклҳои мухталиф, бахусус санъати волои меъмории миллӣ бунёд шуда, хизматрасонӣ дар онҳо бо талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонхона дорои 50 ҳуҷра буда, аз апартаментҳо, ҳуҷраҳои люкс, ҳуҷраҳои ним-люкс ва ҳуҷраҳои стандартӣ иборат мебошад. Дар баробари ин, меҳмонхона дорои тарабхона, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои баргузории конфронсҳо ва маҷлису мизҳои мудаввар ва ҳаммом мебошад.

Саҳн ва шафати меҳмонхона бо гулу буттаҳо, сабзаву ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин бо боѓча ороиш дода шудааст.

Дар шафати меҳмонхона барои меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо усулҳои хоси миллӣ хонаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла хонаҳои хатлонӣ, бадахшонӣ, суѓдӣ ва раштӣ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд карда шуданд.

Мехмонхонахо

Hyatt Regency Dushanbe 5*

Ин меҳмонхонаи боҳашамати 5-ситорадор дар соҳили кӯли Комсомол дар маркази Душанбе, ҳамагӣ 10 дақиқа аз фурудгоҳ ва дар наздикии ҳама сафоратхонаҳо, идораҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо

Подробнее »
Мехмонхонахо

Bakhoriston Sanatorium 3*

Меҳмонхонаи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум ҷойгир аст. Он дорои маркази фитнесс, боғ, утоқи муштарак ва тарабхона мебошад. Ин меҳмонхонаи 3-ситорадор дорои ҳавзи мавсимии беруна ва

Подробнее »
Глэмпингхо

«Camping Village»

«Camping Village» – деҳаи хайма дар дараи хушманзараи Саротог. Оё дидед, ки дараи хушманзараи Саратог чй кадар зебост?Тасаввур кунед, ки маргзорҳои сабз, дарёи тези кӯҳӣ,

Подробнее »