Мағораҳои Шахта, ноҳияи Мурғоб

Ин ғор дар масофаи 40 км дар тарафи ҷанубу-ғарбии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ғор даромадгоҳи кушод дошта, дохили он хушк ва рўяш ба тарафи офтоббаро яъне ба шарқ мебошад. Паҳноии он дар даромадгоҳ 7,5 метр ва чуқурии он 6 метр мебошад. Ғор дар натиҷаи кафиши тектоникӣ ба вуҷуд омадааст. Дар калпи ғор 7- расм […]
Расадхонаи Шорбулоқ

Расадхонаи Шорбулоқ барои санҷидани Офтоб дар баландтарин нуқта дар собиқ Итиҳоди Шуравӣ дар баландии 4370 метр аз сатњи баҳа сохта шудааст. Дар он давра ин обсерватория бо ибтикори Саррасадхонаи астрономии Пулковои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт Петербург) пурра фаъолият карда яке аз обсерваторияњои муҳими тадқиқотт ба шумор мерафт. Ин расадхона бо […]
Маъбади Буддоӣ Дар Вранг

Маъбади Буддоӣ дар баландии 2805 метр аз сатҳи баҳр аз тарафи қаторкўҳҳои Шохдара дар самти шимолу шарқ ҷойгир аст. Он аз маркази шаҳри Хоруғ дар масофаи 185 км ва аз маркази ноҳия дар масофаи 90 км қарор дорад. Шакли архитектории ин дайр хеле ҷоллиби диққат аст. Вай аз панҷ иморати чоркунҷашакл, ки болои ҳамдигар мисли […]
Шаҳри Карон

Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр, 1000 метр дуртар аз деҳаи Рузвай дар кӯҳи Зоик ҷойгир шудаанд. Шаҳри Карон минтақаи табиатан дастнорас ва ҳифзшаванда аст. Бо сабаби бузургии масоҳати ин макон олимон тахмин мезананд, ки дар […]