ДУШАНБЕ, 28.03.2023. . Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад, Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.