ашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими
тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр
қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури
ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву
ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.
Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон
оғоз гардида, шумули зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани
аҷдодии Наврӯзро доранд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо риояи
анъанаҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Чун анъана ҳамасола баргузор гаштани фестивали байналмилалии
сайёҳии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ” ва дар доираи он баргузор
намудани чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои
муаррифии Ватани азизамон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ҳазорон сайёҳро ба худ
ҷалб менамояд
Рӯзҳои 19-23 марти соли 2023 ҳайати зиёиён ва собиқ дипломатҳои
Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар
чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз – 2023 иштирок намуданд.
Мақсади асосии сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон ин шиносоӣ бо
расму анъанаҳои миллӣ ва оинҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ
буда, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар, аз
ҷумла табиати биҳиштосо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон васеъ
муаррифӣ карда шуданд.
Тибқи барнома ҳайати аморотӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва
Кохи Наврӯз дидан намуда, бо таърих, давлатдории миллӣ ва фарҳанги
меъмории тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Дар доираи барнома ҳайати мазкур ба шаҳри Турсунзода ташриф
бурда, аз Осорхонаи ТАЛКО ва объектҳои сайёҳии ҶСК “Хизматрасониҳои
сайёҳӣ”, ки дар мавзеи зебоманзари Қаратоғ ҷойгир мебошад, дидан
намуданд. Ҳамчунин, меҳмонон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Қалъаи
Ҳисор ва Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ боздид намуданд.
Рӯзи 21 март ҳайати аморотӣ дар Фестивали байналмилалии «Наврўзи
Душанбе-2023», ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, иштирок намуда, баъд аз нисфирӯзӣ дар
Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ”, ки дар МД
“Боғи Ирам” аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон баргузор карда шуда буд, иштирок варзиданд. Тибқи барнома
меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи сайёҳию наврӯзӣ дидан намуда, бо
анъанаҳои Наврӯзӣ аз наздик шинос шуданд.
Шоми ҳамон рӯз мемонон дар Майдони “Истиқлол” дар чорабинии
фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯзи Душанбе-2023”,
иштирок намуданд.
Меҳмонон таассуроти хешро аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар рангин
иброз доштанд. Онҳо марҳила ба марҳила рушди инфрасохтори муосир ва
пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳиро қонеъкунанда арзёбӣ намуда,
муаррифии фарҳанги миллӣ, урфу одат, хӯрокҳо ва нӯшокиҳои миллӣ,
таърих ва осори ғании фарҳангии халқи тоҷикро заминаи асосии рушди
сайёҳӣ унвон карданд.
Бояд қайд кард, ки иштироки намояндагони дигар давлатҳо дар чунин
чорабиниҳо заминаи мусоидро барои густариши робитаҳо дар самти сайёҳӣ
фароҳам оварда, ба афзуншавии шумораи сайёҳон ба кишвар мусоидат
менамояд.
Муаррифии љашни Наврўз ҳамчун бренди миллӣ дар бозори љањонии
сайёҳӣ, чун мероси бойи таърихию фарњангии миллати тољик метавонад, ба
рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат
намояд.
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ фестивалу
ҷашнҳо, иду анъанаҳо ва намоишу озмунҳо, бахусус Наврӯзи
байналмилалӣ тавассути маводи тарғиботию ташвиқотӣ ва шабакаҳои
иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда шуда, таваҷҷуҳи
сайёҳон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд.