Таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ гурӯҳи корӣ 20 марти
соли 2022 ба ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар
гардид.
Рӯзи 21 марти соли 2023 дар маркази ноҳияи Ванҷ Иди байналмилалии
Наврӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер
Мирзонабот, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Муминзод Камолиддин, раиси
ноҳияи Ванҷ Мардзода Одинашо ва сокинону фаъолони ноҳия баргузор
гардид.
Аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳозиринро раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ
Муминзод Камолиддин ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику
муборакбод намуда, тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати талошу
заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёд,
соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик иди миллии қадимии худро дар фазои
сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ бо камоли ифтихору сарфарозӣ
ҷашн мегирад.
Имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат симои маркази
ноҳияи Ванҷ ба куллӣ дигаргун шуда, як қатор иншооти муҳим ифтитоҳ
гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Боиси фараҳмандӣ аст, ки сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон дар
амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои
тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Дар доираи сафар ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди
Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ба дидбонгоҳи рақами 9 -и Қушунҳои
сарҳадии КДАМ дар ҷамоати Даштаки ноҳияи Ванҷ дастархони идона ташкил
намуд.
Дар чорабинии идона раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок карда,
сарбозони қисми ҳарбиро ба иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Қайд
гардид, ки ин иқдом бо мақсади ҳавасманд намудан ва қадрдонии сарбозону
афсарони шуҷои Ватан роҳандозӣ гардида, муҳофизони марзу буми кишвар ба
ҳама гуна таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ сазовор мебошанд.
Дар навбати худ роҳбарияти қисми ҳарбӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ
намудан ба сарбозони Ватан изҳори миннатдорӣ намуданд. Роҳбарияти
Кумита ҳамчунин аз шароити корию хизматии ин дидбонгоҳ аз наздик шинос
гардид.
Дар доираи сафари корӣ роҳбарияти ВМКБ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва
ноҳияи Ванҷ дар доираи ҳамкориҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба ташкили
корхонаи саноатии обҳои ташнашикан ба маблағи 60 млн доллари амрикоӣ
санги асос гузошта шуд. Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур аз соли 2023
оғоз гардида, соли 2024 ба истифода дода мешавад, ки ин тадбир ба ташкили
ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии
мардуми минтақа мусоидат менамояд.
Дар идомаи сафар дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Ванҷ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо масъулини ноҳия вохӯрӣ
намуда, бо раванди корҳои бунёдӣ шинос гардид.
Аҳли заҳмати ноҳияи Ванҷ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва эълон
гаштани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” иброз доштанд, ки
ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба бунёдкорию
созандагӣ дар рушду нумӯи ноҳия саҳми сазовор мегузоранд.
Сафари гуруҳи корӣ то 24 марти соли ҷорӣ идома карда, дар якҷоягӣ
бо раиси ноҳияи Ванҷ аз раванди сохтмони иншооти ҷашнӣ, вазъи ободонии
манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти тиҷоратӣ, зебогардонии роҳу
кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои
хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти нерӯи
содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю
муассисаҳо, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва дигар корҳои
бунёдию созандагӣ шинос мегарданд.