Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гард

Дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад
March 17, 2023
СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ “ОБ ВА НАВРӮЗ – ДУ САРЧАШМАИ ҲАЁТИ БАШАР” ДАР ДОИРАИ КОНФРОНСИ ОБИ СММ -2023
March 22, 2023
Show all

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гард

 

Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Наврӯзи 

байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони 

Кумита баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Раиси Кумита 

Муминзод Камолиддин оғоз намуда, иброз дошт, ки маҳз бо ибтикори 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ 

Раҳмон Наврӯзи аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, 

арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон 

оғоз гардида, шумули зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани 

аҷдодии Наврӯзро доранд.

Ҷаҳонишавии Наврўз мо меросбарони ин ҷашни хуҷастаро муваззаф 

месозад, ки дар баробари ифтихору сарбаландӣ аз он минбаъд низ дар кори 

эҳёи суннатҳои пешбари ахлоқию маънавӣ ва фарҳангиву миллии он 

иқдомњои созандаю бунёдкорона роҳандозӣ намоем.

Тазаккур дода шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи 

ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 21 марти соли 2023 дар Боғи 

Ирами пойтахт Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангии 

сайёҳӣ” баргузор менамоянд. Дар сатҳи баланди ташкилию мазмунӣ 

гузаронидани чорабинии мазкур барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии 

кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси Кумита ҳозирин ва ба аҳли хонадони онҳо иди Наврӯзро 

шодбош гуфта, таманнои онро намуд, ки қадамҳои неки рӯзи наву соли наву 

баҳори нав ба Ватани биҳиштосои мо пайки шодӣ ва баракати зиёдро насиб 

гардонад.