Дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе фестивал баргузор мегардад
March 17, 2023
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гард
March 18, 2023
Show all

Дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад

28-29 март дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад.

Пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду давлат аз ҳадафҳои асосии форум маҳсуб мешавад.

Дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва соҳибкорони ҳар ду давлат, ки самти фаъолияташон ба соҳаҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, логистика, фармасевтӣ нигаронида шудааст, иштирок менамоянд.

Дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар сиғаи  «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардида, аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат дар назар дошта шудааст. Инчунин дар ҳошияи форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ доир хоҳад шуд.