МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ITB-BERLIN 2023 ДАР ШАҲРИ БЕРЛИНИ ОЛМОН

Боздиди иштирокчиёни Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ҳисор
March 5, 2023
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе фестивал баргузор мегардад
March 17, 2023
Show all

МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ITB-BERLIN 2023 ДАР ШАҲРИ БЕРЛИНИ ОЛМОН

7-уми марти соли 2023 дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи

байналмилалии ITB Berlin 2023 оғоз гардида, то 9 март идома меёбад. Дар ин

намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони

«Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо

тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат

гузошта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти кумитаи рушди сайёҳии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳи

байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва намояндагони

воломақоми кишвари мизбон иштирок намуданд.

Имсол дар намоишҳои ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ

бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ,

табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир

ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ

муаррифӣ доранд. Дар баробари ин Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва

соҳибкории Точикистон дастовардҳои донишгоҳро дар риштаи сайёҳӣ

тарғиб намуда истодааст. Тибқи анъана, ҳамасола дар доираи Намоишгоҳи

байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» ҷаласаи вазирони кишварҳои ҳавзаи

«Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир мешавад.

«ITB Berlin» намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ, тарғиботӣ

оид ба имкониятҳои сайёҳии ҳар як давлат мебошад.

Бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат иштироки намояндагони

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун аъзои

комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои

сайёҳии мамлакат бисёр муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои

сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда,

ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз Аврупою Осиё вусъат дода шавад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии

Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатро дар

ин майдони бонуфузи байналмилалӣ тарғибу ташвиқ менамоянд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ низ

ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, дар шабакаҳои иттилоотии

байналмилалӣ ба таври васеъ инъикос ёфта истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муаррифии имкониятҳои сайёҳии

мамлакат дар хориҷи кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма ва иштирок

дар намоишгоҳҳову дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла

«ITB Берлин», мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пурқувват

мегардонад ва ба ин васила теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзоиш

ёфта истодаанд.

Дар Намоишгоҳи имсола намояндагони қариб 200 давлати дунё ва

зиёда аз 15 ҳазор ширкати сайёҳӣ, зиёда аз 800 нафар хабарнигорон иштирок

доранд. Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin ҳамасола таҳти

ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гашта, иштироки

намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви

комилҳуқуқи ин Созмон барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар хеле

муфид арзёбӣ мегардад.