ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1435 то 0.1465 сомонӣ муқаррар карда шудааст
February 27, 2023
ТОҶИКИСТОН- ҶОЛИБТАРИН МАМЛАКАТИ ОСИЁ. Ҷумҳурии мо дар Малайзия соҳиби ҷоиза гардид
February 27, 2023
Show all

ТАҚВИМИ: имрӯз 27 феврал, душанбе, 58-умин рӯзи соли 2023 аст

27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии Федератсияи Русия- Ордени Александр Невский қадрдонӣ  намуданд.

 ***

Дар ин рўзи соли 2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.

***

27 феврали соли 2013  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро қабул гардид.

27 ФЕВРАЛ:

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус.

РӮЙДОДҲО:

27 феврали соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди минтақаҳо» Симпозиуми байналмилалӣ баргузор шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Абдураҳмон Раҳимов- соли 1933 — Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон

Абдунабӣ Сатторзода- соли  1941 — доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ