Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади такон додани ҳамкориҳо
бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти савдои одамон, инчунин иҷрои
бандҳои дахлдори Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ
Камолиддин Муминзод бо намояндагони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират
(СБМ) хонум Коменда Хизер-мутахассиси аршад доир ба ҳимоя ва кумак ба
қурбониёни савдои одамон ва муҳоҷирон аз дафтари минтақавии СБМ барои
Аврупои Ҷанубу-Шарқи ва Осиёи Марказӣ дар ш.Вена баргузор гардид.
Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур ин пеш аз ҳама беҳтар
намудани низом ва механизми миллии бозравонии кишвар дар робита бо чунин
қурбониёни эҳтимолии он равона карда шудааст.
Кумита пайваста дар рафти чорабиниҳо ва вохуриҳо бо ширкатҳои
сайёҳӣ оид ба пешгирӣ намудани хавфҳо дар самти савдои одамон корҳои
фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, таъкид менамояд, ки ҳангоми хизматрасонӣ
ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавзуи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳ карор
дода шавад.
Ҷонибҳо оид ба пешгирӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам дар самти савдои
одамон андешаронӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани
ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт иброз доштанд.