«ТОҶИКИСТОН-ГАВҲАРИ КАШФНОШУДА ДАР САМОИ САЙЁҲӢ». Дар Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ доир карда мешаванд

ФОРУМИ САЁҲАТИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН. Ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
December 28, 2022
Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд
February 2, 2023
Show all

«ТОҶИКИСТОН-ГАВҲАРИ КАШФНОШУДА ДАР САМОИ САЙЁҲӢ». Дар Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ доир карда мешаванд

Соли равон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – 2023» Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Инчунин таҳти унвони «Тоҷикистон — гавҳари кашфношуда дар самои сайёҳӣ» Намоишгоҳи байналмилали сайёҳӣ доир карда мешавад.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Форум ва Намоиши мазкур 1 феврали соли равон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи тадорукот баргузор гардида, дар он вазифаҳо барои ташкил намудани чорабиниҳои банақшагирифта муайян карда шуданд.

Гуфта шуд, ки форум ва намоишгоҳи мазкур ба рушди ҳамкории мутақобила байни мамлакатҳои иштироккунанда дар самти сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Инчунин онҳо барои ҷалби сайёҳон аз давлатҳои иштироккунанда, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва байналмилалӣ имконоти васеъ фароҳам меоранд.

Баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон ҳамчунин барои муаррифӣ ва ташвиқу тарғиби зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, мутобиқгардонии хизматрасонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвият додани ҳамкорӣ байни мақомоти сайёҳӣ ва бахши хусусӣ имконияти хуб маҳсуб мешавад.