ИҚТИДОРҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ 6-УМИ ИҚТИСОДИИ ИСТАНБУЛ МУАРРИФӢ ГАРДИДАНД
December 10, 2022
Дар даҳ моҳи соли равон беш аз 408 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз Хатлон дидан кардаанд
December 14, 2022
Show all

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ

Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло бо муовини Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Шолбофиён дар ҳошияи ҷаласаи 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, ки рӯзҳои 5-6 декабри соли 2022 дар шаҳри Теҳрон доир шуд, баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ гардида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона рушд намуда истодааст.
Ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологию солимгардонӣ изҳор намуд.
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон аз умқи таърих сарчашма мегирад ва ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.
Дар бораи зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодири ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои баланд ва осоишгоҳҳои муолиҷавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва агротуризм мусоидат менамояд.
Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.