Рӯзҳои 24-25 ноябри соли 2022 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии кумита ва намояндагони ширкатҳои фаъоли сайёҳӣ оид ба “Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ ва маркетинг” семинар-машварат баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии алоқамандон, кормандон ва субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ташкил гардид. Дар семинар-машварат мушовири байналмилалии сайёҳӣ хонум Софи Ибботсон баромад намуда, диққати ҳозиринро ба масъалаи аз худ намудани бозори сайёҳии минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки фарҳанги баланди меҳмоннавозии мардуми шарафманди тоҷик, иқлими мӯътадили кишвар, қуллаҳои баланди барфпӯш, обҳои мусаффо, кӯлу чашмаҳо шифобахш, табиати нотакрор, манзараҳои зебои табиӣ, ёдгориҳои меъморӣ, мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, таомҳои лазизи миллӣ, мавҷудияти чор фасли сол дар як вақт, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш барои рушди намудҳои сайёҳии экологӣ, варзишию кӯҳгардӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, фароғатию табобатӣ ва хондорӣ дар Тоҷикистон созгор аст, аммо барои таъмини рушди устувори намудҳои сайёҳии болозикр ва аз худ намудани ҳиссаи азими бозори сайёҳии минтақа моро зарур аст, ки бештар талош намоем ва зербинои асосии соҳаи сайёҳиро рақобатпазир гардонем.
Зикр гардид, ки омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати сайёҳӣ ва баромадан ба бозорҳои нави сайёҳӣ яке аз роҳҳои дурусти муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар ба сокинони сайёра ба ҳисоб рафта, дар ин самт аллакай бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла пеш гирифтани сиёсати дарҳои боз, ташкили гӯшаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ва ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил додани мамлакат далели гуфтаҳои болост.
Софи Ибботсон иброз дошт, ки Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ ҳамчун дастурамал ба кишварҳои аъзо пешниҳод гардидааст, талаботҳои ҳуҷҷати мазкур минбаъд дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ ва стратегияҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ бояд аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба инобат гирифта шавад. Зеро санади мазкур аз маҷмӯи меъёрҳое иборат мебошад, ки ҷиҳати таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Тавре қайд карда шуд ёдгориҳои меъморӣ ва бостонӣ дар муқоиса ба биною иморатҳои муосир бештар арзишманд буда, ҳифзи онҳо ҳамчун ҷозибаҳои сайёҳӣ минбаъд барои таъмини рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми семинар миёни ҳозирин саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.