Аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд Ярмаркаи байналмилалии «Craft Fair Uzbekistan 2022» баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва зиёда аз 50 ширкати сайёҳии ватанӣ намояндагӣ мекунанд.
Ярмаркаи мазкур дар Маҷмӯи миллии намоишгоҳи «Узэкспомарказ» баргузор мешавад. Дар он маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегарданд.
Дар доираи ярмаркаи мазкур инчунин дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.