Дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар Душанбе беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Дар Тоҷикистон Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ доир мешавад
November 11, 2022
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО доир гардид
November 22, 2022
Show all

Дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар Душанбе беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ки 12 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабар дода шуд.

Пеш аз оғози кори форум дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ва имконияти сайёҳию вазъи хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва ҳайатҳо аз намоишгоҳ дидан намуданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ изҳор намуд.

Ҷумҳурии Узбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое дохил мешавад, ки сайёҳонашон бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

Дар айни замон ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боло ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.

Меҳмонон таассуроти хешро аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар иброз доштанд. Онҳо рушди инфрасохтори муосир ва пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳиро қонеъкунанда арзёбӣ намуда, муаррифии фарҳанги миллӣ, урфу одат, хӯрокҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, таърих ва осори ғании фарҳангии халқи тоҷикро заминаи асосии рушди сайёҳӣ унвон карданд.