7 ноябр дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market London 2022» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода бо шумули муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, инчунин намояндагони 12 ширкати хусусии ватанӣ дар самти сайёҳӣ ва пешбурди он иштирок доранд.