Сифати хизматрасонӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд

МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ДАР ЭКСПО-И ҶОПОН
September 23, 2022
Ширкати «Артуч» Тоҷикистонро дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар Россия намояндагӣ мекунад
November 4, 2022
Show all

Сифати хизматрасонӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд

Масъалаи таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, таъмини ҳаракати бемамониати меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нав ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонии онҳо 26 октябр зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода бо масъулини сохторҳои марказии фурудгоҳ, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, гумрук ва кормандони хизматрасони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аҳамият додан ба одоби муошират бо меҳмонон ва паст кардани арзиши аслии хизматрасониро аз ҷониби ташкилоти хизматрасони сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.