Форуми байналмилалии «Помиринвест -2022» зарфияти сайёҳии Бадахшонро муаррифӣ менамояд

Дар шаҳри Левакант Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд
August 8, 2022
ТОҶИКИСТОН — ҶАВҲАРИ КАШФНОШУДА. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус сайёҳон давлати моро чунин арзёбӣ менамоянд
August 15, 2022
Show all

Форуми байналмилалии «Помиринвест -2022» зарфияти сайёҳии Бадахшонро муаррифӣ менамояд

Бо мақсади муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар панели сеюми Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022», ки ҳадафаш ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Бадахшон, тарғиби имконияти сармоягузории ин минтақа ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, масъалаҳои имконоти рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа баррасӣ гардиданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва созмону ташкилоти миллию байналмилалӣ иштирок доранд.

Мавриди зикр аст , ки Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ буда, бо табиати зебову нотакрор, рӯду кӯлҳо, қуллаҳои баланд дар ҷаҳон шӯҳрат дорад.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти мавзеъҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

Бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 49 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст, ки фаъолиятро пеш бурда истодаанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки ҷаҳонӣ Қалъаи «Ямчун» дар Бадахшон бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад.

Дар самти татбиқи сиёсати давлатии сайёҳӣ дар қаламрави вилоят ҳамасола якчанд чорабиниҳо, аз қабили Фестивали сайёҳию фарҳангии «Боми ҷаҳон», мусобиқаи қаиқронии «Regatta in Roof of the World», Форуми тиҷоратии “Помиринвест” баргузор ва имконоти сайёҳӣ бо мақсади ҷалби сармоя ба дӯстдорони сайру саёҳат муаррифӣ карда мешаванд.

Бадахшон барои сайёҳон ҳамчун минтақаи саёҳати экологӣ муаррифӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2017 тибқи назарсанҷиҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бори cеюм кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати «100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ» дохил карда шуданд.

Соли 2013 Парки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифи Тоҷикистон ба ҷаҳониён оид ба рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии хориҷӣ мебошад.

Маводи иттилоотии Кумитаи рушди сайёҳӣ низ маконҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, дар байни дӯстдорони сайру саёҳат ба тариқи ройгон паҳн мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.