Дар шаҳри Левакант Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд

ТАБИАТ ҶОН БА ИНСОН БАХШАД ИН ҶО. Дар фасли сайру саёҳат ва истироҳату фароғат истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон интизори муштариён ва дӯстдорони табиатанд
August 8, 2022
Форуми байналмилалии «Помиринвест -2022» зарфияти сайёҳии Бадахшонро муаррифӣ менамояд
August 15, 2022
Show all

Дар шаҳри Левакант Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд, ки ба рушд додани соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ва бо маълумоти зарурӣ таъмин намудани донишҷӯёни дар бахши сайёҳӣ таҳсилдошта равона гардидааст.

Марказ бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар заминаи филиали Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ташкил гардидааст.

Дар шаҳри Левакант барои қабули сайёҳон 2 адад меҳмонхона, 5 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 2 адад тарабхона, 10 адад гестхаус, 6 адад банкомат (хизматрасонии бонкӣ), 1 адад мағозаи фурӯши армуғон ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо фаъолият менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳри Леваканд 1675 нафар сайёҳони дохилӣ ва 45 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.