Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон қариб 3 маротиба афзудааст

«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми байналмилалӣ доир гардид
Июля 29, 2022
ТАБИАТ ҶОН БА ИНСОН БАХШАД ИН ҶО. Дар фасли сайру саёҳат ва истироҳату фароғат истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон интизори муштариён ва дӯстдорони табиатанд
Августа 8, 2022
Show all

Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон қариб 3 маротиба афзудааст

Couple of mountain-climber tourist travelling in high mountains

Соли равон ба Тоҷикистон тақрибан 370 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 238 ҳазор ё қариб 2,9 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора ба намояндагони расонаҳои хабарӣ 28 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 344 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 22, 1 ҳазор нафар сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур, назири Амрико, Фаронса, Олмон, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо мебошанд.

«Чун Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои баланд ва табиати нотакрор аст, аз ин рӯ сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир, Фон, Ҳисор ва тамошои дигар зарфиятҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон меоянд»,-гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода. Инчунин зикр гардид, ки сайёҳони хориҷиро фарҳанги бою пурғановати мардуми Тоҷикистон, ки «сарзамини дарёҳои тиллоӣ» унвон намудаанд ва чун бренд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ қабул гардидааст, бештар ҷалб менамояд.

Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ ҳангоми боздид аз Тоҷикистон бештар ба сайёҳии кӯҳнавардӣ, шиноварӣ, дарёнавардӣ, шикор, моҳидорӣ, аспсаворӣ, саёҳати экстрималӣ-ҷипсаворӣ, боздид ва тамошои маконҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ, ки солҳои охир хеле рушд намудаанд, машғул мешаванд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Тоҷиддин Ҷӯразода афзуд, ки «Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра фаъолияти худро дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои марҳилаи аввали он барои солҳои 2019-2022 ба роҳ монда, бо мақсади рушди соҳа, муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ баргузор намуд. Аз ҷумла, дар ин давра Кумита ва ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар даҳ намоишгоҳи байналмилалии сайёҳие, ки дар кишварҳои Русия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардиданд, иштирок намуда, зарфияти Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини сайёҳӣ муаррифӣ намуданд”.

Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва кемпинг, инчунин 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаолият доранд.

Инчунин соли равон шаш маротиба ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳӣ доир гардида, ба 6 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ пешкаш ва муҳлати фаъолияти 20 ширкати сайёҳӣ тамдид гардид. Алҳол дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 49 ададаш дар Бадахшон, 41 адад дар Суғд, 18 адад дар Хатлон, 116 адад шаҳри дар Душанбе ва 18 адад дар шаҳру навоҳии тобеи марказ фаъолияти густурда доранд.

Бо дахли ҳамкории байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо идораҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, ки “то имрӯз Кумита бо 12 мамлакат, аз қабили Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Эрон ва Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида, бо ин кишварҳо дар бахши сайёҳӣ ҳамкории дуҷониба ба роҳ мондааст”.