Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар «Seoul International Travel Fair 2022» муаррифӣ шуд

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд
July 1, 2022
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Tourism EXPO JAPAN-2022» ва «JATA» муаррифӣ мегардад
July 1, 2022
Show all

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар «Seoul International Travel Fair 2022» муаррифӣ шуд

Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва ҳунармандони ҷумҳурӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Seoul International Travel Fair 2022», ки аз 23 то 26 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, муаррифӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

Маҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳи сайёҳии «Seoul International Travel Fair 2022» маъруфтарин намоишгоҳи минтақа маҳсуб шуда, дар он ҳамасола зиёда аз 50 мамлакати дунё иштирок менамоянд.

Майдони намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки дар он ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоту ассотсиятсияҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ хизматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намуда, тариқи вохӯриҳои «В2В» ва «В2С», ки дар рафти намоишгоҳ баргузор мегарданд, ҳамкориро тақвият мебахшанд.