БАРГУЗОРИИ ҲАМОШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ РАСМИИ “СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

НАМОИШГОҲИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
January 26, 2018
ТАШКИЛИ НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ -ФАРОҒАТИИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО» БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА
January 30, 2018
Show all

БАРГУЗОРИИ ҲАМОШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ РАСМИИ “СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

Боиси сарфарозии мо аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Дар ин замина, Нақшаи чорабиниҳои мукаммал ва рамзи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози расмии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 3 феврали соли ҷорӣ соати 09:30 дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенси – Душанбе Ҳамоши тантанавӣ – ро баргузор менамояд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, ҳунармандон, устодон ва донишҷуёни риштаи сайёҳӣ, ширкат меварзанд.

Баргузор намудани чорабинии мазкур идомаи татбиқи ҳадафҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.