НАМОИШГОҲИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАМЗИ «СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»-РО ТАСДИҚ НАМУДАНД
January 22, 2018
БАРГУЗОРИИ ҲАМОШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ РАСМИИ “СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”
January 30, 2018
Show all

НАМОИШГОҲИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

 

 

 

 

 

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 январӣ соли 2018 дар саҳни гулгашти Академия Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои  миллиро баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур мавзеъҳои дилнишини ҷумҳурӣ, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одатҳои қадимаи халқи тоҷик ва дигар расму оинҳои мардумӣ аз қабилӣ сузаниҳо, қуроқӣ, либосҳои миллӣ, кулолгарӣ, таомҳои миллӣ, ки аксарияташон аз ҷониби кормандон ва донишомӯзони Академия омода шуда буданд ба намоиш гузошта шуд.

Инчунин, дар доираи Намоишгоҳ аз ҷониби донишомузони факултаҳои Академия намудҳои гуногуни пухтани таомҳои миллӣ аз ҷумла, оши палав доир гардид, ки ҷавондухтарону ҷавонписарон хурокҳои пухтаи худро барои иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

Дар кори чорабинӣ роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майор Шарифзода Файзалӣ Раҳмон, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва рӯзноманигнорону хабарнигорон иштирок намуданд.