Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҳамоиш таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат, заминаи рущди соҳаи сайёҳӣ» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур, роҳбарияти Кумита, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, ҳунармандон иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур омӯзиш ва иҷрои нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ гардид.
Дар оғоз Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки миннатдории самимии тамоми кормандони соҳаи сайёҳии ҷумҳуриро ба Пешвои муаззами миллат барои дастгириҳои доимӣ ва ҳамаҷонибаи бахши сайёҳӣ ва эълон намудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз медорем.
Маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардида истодааст.
Кумитаи рушди сайёҳӣ Нақшаи чорабиниҳои мукаммалро барои дар сатҳи сазовор гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омода мекунад ва дар ин раванд тамоми ширкатҳо ва ҳунармандон низ ҷалб карда мешаванд.
Дар ин раванд, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда мешавад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар соли нави 2018 дар кишварамон як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ баргузор мегарданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ метавонад нуфӯзи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон бозҳам боло баранд.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз дошатнд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилгармӣ қабул намуда, нуқтаҳои асосии онро сармашқи кору фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Дар анҷоми кори ҳамоиш байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа доир ба нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, ҷиҳати имтиёзҳои пешбинигардидаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ширкатҳои сайёҳӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор, сурат гирифт.