Масоили таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

Масоили рушди соҳаи сайёҳӣ дар мулоқот бо ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон ва Намояндаи доимии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд
August 26, 2017
Баррасии истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар мулоқот бо намояндаи доимии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон
September 12, 2017
Show all

Масоили таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа дирӯз дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода  бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои дигари рушди соҳаи сайёҳӣ ва пешбурди имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, афзоиши хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, осонтар намудани дастрасии сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо матраҳ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки Лоиҳаи кумаки машваратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ширкатҳои ватании сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, ташкили сомонаи интернетӣ, гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ ва ташкили бренд, ба роҳ мондани стандартҳои байналмилалии муҳосибот ва дигар самтҳо кумак менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ суҳбату муаррифии имкониятҳои Лоиҳаи кумаки машваратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ баргузор карда мешавад.

http://khovar.tj/2017/08/masoili-ta-iyai-loi-a-oi-sarmoyaguzor-dar-so-ai-sajyo-bo-namoyandai-doimii-bonki-avrupoii-ta-did-va-rushd-dar-to-ikiston-barras-gardidand/