Табобатгоҳи Оби Гарм дар аз маркази шаҳри Роғун дар масофаи 2,2 км дар шафати роҳи Душанбе-Лахш-Ош ҷойгир шуда аст.
Ба табобатгоҳ бо воситаи автомобил рафтан мумкин аст.
Оби гарм аз чуқурии 300 метр ба боло мебарояд, ки ҳарорати 75оС мебошад. Он обро дар зарфи махсуси бетонии калон нигоҳ медоранд, то ки ҳарораташ та 35-40 оС баробар шавад ва пас онро барои табобат ва оббози истифода мебаранд. Дар ин оби гарм аз 8 то 12 дақиқа истодан иҷозат дода мешавад. Он ҳам бошад дар зери назорати духтур. Дар шафати рости шоҳроҳи А372 воқеъ шудааст. Аз шаҳри Душанбе дар масофаи 96км дури дар самти шарқи ҷойгир шудааст. Ин табобатгоҳ соли 1947 ташкил шудааст.
Гармчашма хусусияти табобатӣ дошта, ба онҷо барои муолиҷаи бемориҳои гуногун аз гирду атрофи ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муолиҷа мераванд.
Дар дохили табобатгоҳ меҳмонон метавонанд аз нушокиҳои табобатӣ аз гиёҳҳои шифобахш истифода баранд.
Дар гирду атрофи табобатгоҳ ошхона ва қаҳвахона мавҷуд аст.