Ҷашни Наврӯз воситаи хубест барои муаррифии Тоҷикистон ва захираҳои бузурги сайёҳии он

Муроҷиатномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба дӯстдорони саёҳат ва сафар
March 19, 2020
«PATWA 2020»: Тоҷикистон кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон шуд
March 28, 2020
Show all

Ҷашни Наврӯз воситаи хубест барои муаррифии Тоҷикистон ва захираҳои бузурги сайёҳии он

Ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ яке аз брендҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад. Ин нукта дар ҳамоише, ки имрӯз дар  Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Брендикунонии Наврӯз» доир гардид, зикр шуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ширин Амонзода зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид. Дар фасли  зебои баҳор, ки табиат эҳё мегардад, мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гашта, шумораи зиёди саёҳон рағбати дидани ватани аҷдодии Наврӯз -Тоҷикистонро доранд. Наврӯз, ки ҷашни миллии тоҷикон мебошад, тибқи андеша ва эътиқоди ниёгонамон рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар неруҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ байни мардуми мо шинохта шудааст. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ фестивалу ҷашнҳо, иду анъанаҳо ва намоишу озмунҳо, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ тавассути маводи тарғиботию ташвиқотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда шуда, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд. Ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он барои симои мамлакат ҳамчун давлати дорои тамаддуни қадимӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш, ки намояндагони вазорату идораҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ ва донишмандон иштирок доштанд, доир ба мавзӯъҳои омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ – омили рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон, саҳми Тоҷикистон дар муаррифии ҷашни Наврӯз дар ҷаҳон, нақши ширкатҳои сайёҳӣ дар муаррифии Наврӯз дар намоишгоҳҳои дохилию байналмилалӣ, суннатҳои наврӯзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба брендикунонии ҷашни Наврӯз  ва ба ин восита ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон табодули  назар карда шуд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381