Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд иштирок намуданд

Баррасии масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ дар доираи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ
November 15, 2019
Кумитаи рушди сайёҳӣ: Дар нуҳ моҳ аз Қалъаи Ҳисор зиёда аз 27 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд
November 20, 2019
Show all

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд иштирок намуданд

Аз 13 то 15 ноябри соли 2019 дар маҷмааи “Ӯзэкспомарказ”-и шаҳри Тошканди Ҷумҳуриии Ӯзбекистон «Намоишгоҳи 25-уми байналмилалии сайёҳии Тошканд – TITF 2019 – Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии намоишгоҳ иттилоотонии иштирокчиён ва меҳмонон дар бораи намудҳои гуногуни истироҳат ва самтҳои нави сайёҳӣ дар минтақа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо мебошад.

Дар баробари ширкатҳои Корея, Миср, Малайзия, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина, Россия, Гурҷистон, Хитой, Беларус, Индонезия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон низ дар намоишгоҳи мазкур ширкат карда, бо ҳамоёни худ ҷиҳати ба роҳ мондани хатсайрҳои муштарак гуфтушунидҳо анҷом доданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.

Ҳамчунин,  чор пайроҳаи таърихии Шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузарад, самаранок истифода намудани он ҳамчун бренди сайёҳии кишвар баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Иштирок дар Намоишгоҳи мазкур ва густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ имконият медиҳад, ки хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ бо фарогирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил ва амалӣ карда шаванд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381