Таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад

«МАРО НЕСТ З-ОҲАНГАРӢ НАНГУ ОР…». Дар Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир гардид
October 26, 2019
Дар Душанбе Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба мавзӯи сайёҳӣ баргузор мешавад
October 30, 2019
Show all

Таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад

Андешидани тадбирҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб мешавад. Ин нукта дирӯз зимни семинар оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  баргузор гардид, таъкид карда шуд.

Дар семинари мазкур намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, донишҷӯёни бахши сайёҳӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.

«Андешидани тадбирҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб ёфта, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ ҳамасола семинарҳои омӯзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ баҳри баланд бардоштани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда, риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ гузаронида мешавад. Семинари мазкур низ идомаи мантиқии ҳадафҳои дар боло гузошта шуда мебошад».

Зимни семинар ҳамчунин таъкид гардид, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои рушди соҳа омода намудани кадрҳои болаёқат барои хизматрасонӣ ба шумораи рӯ ба афзоиши сайёҳон ва донистани меъёру қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ аз ҷониби роҳбаладони маҳаллӣ муҳим дониста мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дошта,  низоми самарабахши корҳои наҷотдиҳӣ дар шароити ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми доир намудани чорабиниҳо дар самти сайёҳии варзиши кӯҳӣ, экологӣ ва навъҳои экстремалӣ (треккинг, велотурҳо, рафтинг, ҷиптурҳо, шикори хориҷӣ ва дигарҳо), инчунин давоми баргузории экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мунтазам ҷаласаҳо ва ҷамъомадҳои якҷоя бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳии мамлакат оид ба паст намудани хавфи оқибатҳои нохуш ва ташкили корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии сайёҳон ҳангоми ба амал омадани ҳодисаҳои фавқулода  гузаронида мешавад.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381