«Ваҳдату субот — омили рушди сайёҳӣ». Таҳти ин унвон дар Турсунзода ҳамоиш доир шуд

Кумитаи рушди сайёҳӣ: ҳангоми хизматрасониҳои сайёҳӣ дар вазъи хавфи бемории COVID-19 қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя карда шавад
June 19, 2020
МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ ФОНДИ ДАСТГИРИИ ЗИДДИБУҲРОНИИ САЙЁҲӢ БАРРАСӢ ГАРДИД
June 24, 2020
Show all

«Ваҳдату субот — омили рушди сайёҳӣ». Таҳти ин унвон дар Турсунзода ҳамоиш доир шуд

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар заминаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади омодагӣ ба мавсими сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ҷалби субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ дар хоҷагии деҳқонии « Боғи Сомон», ки бо номи ангурбоғи деҳқони асил Ҳоҷӣ Камол машҳур аст ҳамоиш таҳти унвони «Ваҳдату субот омили рушди сайёҳӣ» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, масъулини сохторҳои марбути соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.
Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло оид ба дастовардҳои назарраси соҳаи сайёҳии кишвар, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ ба миён омадаанд, маълумот дод.
Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ин ташкил намудани саноати сайёҳии фоидаовар тавассути даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ дар соҳаҳои иқтисодии ба сайёҳӣ марбута мебошад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир талаботи сайёҳон нисбат ба саёҳатҳои фаъол зиёд гашта, онҳо мехоҳанд истироҳати худро дар деҳотҷой гузаронанд ва бо тарзи зисту зиндагонии мардуми деҳот, фарҳанг, урфу одатҳои маҳаллӣ ва меҳнати анъанавии деҳот шинос шаванд. Одатан ин навъи саёҳатро нафароне интихоб мекунанд, ки аллакай бисёр маконҳоро дидаанд ва дар саёҳати худ гуногунрангиро дидан мехоҳанд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, истифодаи имкониятҳои сайёҳии маҳалҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 70 фоизи аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз намудҳои ояндадори сайёҳӣ дар кишвар ин агротуризм мебошад. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, имрўз дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.
Яке аз афзалиятҳои дигар барои рушди сайёҳии аграрӣ дар мамлакат-ин таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ мебошад. Намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои “Сада”, “Меҳргон”, идҳои “Харбуза ва асал”, эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Турсунзода табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр мавриди истифода қарор гиранд. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии эко-аграрӣ, пиёдагардии куҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошад.
Бо назардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъҳои беҳтарини дар баробари меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ сайёҳони дохилию хориҷи аз боғҳои ангури ин минтақа дидан мекунанд ва он ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд.
Ғайр аз ин шаҳри Турсунзода дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр-хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор» воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ — табиии «Ширкент», саёҳати куҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми куҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд. Инчунин, дар шаҳр бештар аз 20 адад муассисаҳои истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» ва дигарон амал менамоянд.
Инчунин, имкониятҳои мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кули Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа ба ҳисоб мераванд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381