САРИ ХОСОР: аҳамияти ҷиддӣ ба рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор

Сайёҳон баъди карантин саёҳати худро дар Тоҷикистон идома доданд
April 2, 2020
Кумитаи рушди сайёҳӣ: аз хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омаду рафти сайёҳон то муътадил гардидани вазъи хавфи бемории COVID-19 худдорӣ мешавад
May 13, 2020
Show all

САРИ ХОСОР: аҳамияти ҷиддӣ ба рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор

Дар ноҳияи Балҷувон, бахусус  дар мавзеи Сари Хосор баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани  инфрасохтор аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин мавзеъ, ки дар ҳама фасли сол табиати зебо дорад,  барои сайёҳон шароити зарурӣ муҳайё гардида истодааст. Дар фасли зимистон ҷангалзор ва кӯҳҳои Сари Хосор ҷомаи сафеди махмалин мегиранд ва дар ин ҷо баъзан то якуним  метр барф меборад. Масъулини бахши сайёҳии ноҳия  мақсад доранд, ки дар ин мавзеъ лижаронию дигар намуди варзиши зимистонаро ба роҳ монанд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки «рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як зумра  имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. То имрӯз дар мамлакат зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидаанд. Зарур аст, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад».

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381