Сайёҳон баъди карантин саёҳати худро дар Тоҷикистон идома доданд

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид
April 1, 2020
САРИ ХОСОР: аҳамияти ҷиддӣ ба рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор
April 29, 2020
Show all

Сайёҳон баъди карантин саёҳати худро дар Тоҷикистон идома доданд

Чанд нафар  сайёҳе, ки ҳангоми ворид шудан ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи хуруҷи коронавирус дар шаҳри Хоруғ ба карантин фаро гирифта шуда буданд, баъди анҷоми он тавассути хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Данғара-Норак-Душанбе саёҳати худро идома доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Ин сайёҳон дар пайи хуруҷи коронавирус ҳангоми ворид шудан ба сарҳади давлати мо дар шаҳри Хоруғ ба карантин фаро гирифта шуданд. Онҳо аз шароит ва хизматрасонии макони карантин изҳори қаноатмандӣ намуда, тавассути хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Данғара-Норак-Душанбе саёҳати худро идома доданд», — тазаккур доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҳоли сайёҳоне, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, хабар гирифтанд. Имрӯз бо роҳнамоии кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва хизматрасонии ширкати сайёҳии «Ориент Адвентур» сайёҳон аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, назири Кохи Наврӯз, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дидан намуданд.

«Сайёҳон таассуроташонро аз шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти сайёҳӣ рангин баён намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон солҳои наздик ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар минтақа мубаддал хоҳад гардид. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бойи рекреатсионӣ буда, бо табиати дилфиребу нотакрораш таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб месозад»,- илова намуд манбаъ.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Германия дар Тоҷикистон барои бозгашти ин сайёҳон тадбир андешида истодаанд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381