Баррасии масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ дар доираи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ

Дар ал-Кувайт зарфият ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
November 12, 2019
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд иштирок намуданд
November 18, 2019
Show all

Баррасии масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ дар доираи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ

Дар Конфронси 18-уми вазирони Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки санаи 14-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.

Дар ҳамоиши мазкур ҳайатҳои кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Барномаи рушди СММ, Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва як қатор созмонҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ иштирок дошданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки сайёҳӣ метавонад яке аз фишангҳои муҳими мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ташкили тиҷорат гардад. Дар ин раванд фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба рушди соҳа, густариши муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ дар доираи кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуда, аз ҷумла низоми раводиди электронӣ ҷорӣ гардид, ширкатҳои сайёҳӣ дар тули панҷ соли аввали фаъолияти худ аз андози фоида озод карда шуданд, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ аз АИИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳи мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардиданд.

Пешниҳод карда шуд, ки ҳарчи зиёдтар хатсайрҳои минтқавии сайёҳӣ таҳти унвони “Шоҳроҳи Абрешим” дар доираи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) ташкил карда шуда, монеаҳо дар ин самт, аз ҷумла маҳдудияти шумораи хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, монеаҳои гузаштани нуқтаҳои сарҳадӣ бартараф карда шаванд.

Дар ин ҷода татбиқи Лоиҳаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи он бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, мубодилаи таҷриба ва ба омузиш фаро гирифтани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

 

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381