ЛОИҲАИ “РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ДЕҲОТ” АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар «FITUR»-и Испания ба намоиш гузошта шуданд
January 27, 2020
Ширин Амонзода: «Ба Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 21,5 фоиз зиёд аст»
February 7, 2020
Show all

ЛОИҲАИ “РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ДЕҲОТ” АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Имрӯз дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ  лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” тариқи рӯнамо барои кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳӣ муаррифӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи 15 милллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва Бонки осиёии рушд ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди соҳаи сайёҳӣ” роҳандозӣ мегардад.

Сармояи ҷалбшуда аз Бонки умумиҷаҳонӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мавзеи таърихию табии “Чилучорчашма”, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”, мамнуъгоҳҳои “Қалъаи Ҳулбук” ва “Қалъаи Ямчун”, инчунин бунёди меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фуруши армуғонҳо ва дигар инфрасохтори ҷалбкунандаи сайёҳон дар гирду атрофи мавзеъҳои сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон равона карда мешавад.

Дар интиҳо кормандони Кумита фикру андешаҳои худро ба намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ироа дошта, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381