Кумитаи рушди сайёҳӣ: ҳангоми хизматрасониҳои сайёҳӣ дар вазъи хавфи бемории COVID-19 қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя карда шавад

Минтақаи нави сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ гардид
June 19, 2020
«Ваҳдату субот — омили рушди сайёҳӣ». Таҳти ин унвон дар Турсунзода ҳамоиш доир шуд
June 22, 2020
Show all

Кумитаи рушди сайёҳӣ: ҳангоми хизматрасониҳои сайёҳӣ дар вазъи хавфи бемории COVID-19 қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя карда шавад

Кумитаи рушди сайёҳӣ аз  субъектони хизматрасони сайёҳӣ даъват ба амал меорад, ки вобаста ба роҳҳои пешгирии вируси сироятӣ, таъмини фаъолияти муназзами низоми назорати санитарию эпидемиологии мамлакат, ҳангоми хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омаду рафти сайёҳон дар вазъи хавфи бемории COVID-19 қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя карда шавад.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дод ва тибқи қарори дахлдор мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

Кумита ҳамчунин таъкид менамояд, ки иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо дар байни кормандон ва истироҳаткунандагон оид ба риояи чораҳои бехатарӣ дар макони истироҳат ва берун аз он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд.

Ҳамчунин зимни қабули истироҳаткунандагон,  ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар муассисаҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ, дар минтақаҳои соҳилӣ ва атрофи он,  нигоҳ доштани масофа, пешгирии ҷамъшавии издиҳоми одамон, нисбати ҳамлу нақли истироҳаткунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба маърифати тиббию беҳдоштӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Кумита бо назардошти вазъи баамаломада дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастурамали фаъолияти саёҳат ва сафар дар шароити хатари афзояндаи пандемия (COVID-19)”-ро таҳия намуд, ки пас аз қабули он аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ дастраси иншооту субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ карда мешавад.

 

 

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381