Кумитаи рушди сайёҳӣ: аз хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омаду рафти сайёҳон то муътадил гардидани вазъи хавфи бемории COVID-19 худдорӣ мешавад

САРИ ХОСОР: аҳамияти ҷиддӣ ба рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор
April 29, 2020
Курт Ҳайнт Рейтс
May 22, 2020
Show all

Кумитаи рушди сайёҳӣ: аз хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омаду рафти сайёҳон то муътадил гардидани вазъи хавфи бемории COVID-19 худдорӣ мешавад

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ ва таъмини фаъолияти муназзами низоми назорати санитарию эпидемиологӣ ба субъектони хизматрасони сайёҳӣ муроҷиат намудаастки матни пурраи онро манзурр хонандагон мегардонем.

— Кумитаи рушди сайёҳӣ ба иттилои субъектони хизматрасони сайёҳӣ мерасонад, ки вобаста ба роҳҳои пешгирии вируси сироятӣ таъмини фаъолияти муназзами низоми назорати санитарию эпидемиологии мамлакат, хавфи паҳншавии коронавируси COVID-19 тибқи изҳороти муштараки Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) аз хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омаду рафти онҳо то муътадил гардидани вазъи хавфи бемории COVID-19 худдорӣ карда мешавад.

Баъди ошкор гардидани коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020 бо қарори дахлдори ситоди ҷумҳурияӣ оид ба пешгирии COVID-19 ташкили ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ то муътадил гардидани вазъ дар мамлакат манъ гардид.

Аз ин лиҳоз аз ширкатҳои сайёҳӣ даъват карда мешавад, ки риояи бечунучарои супоришҳои дар боло зикршударо сармашқи кори худ намуда, қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар давраи хуруҷи беморӣ таъмин намуда, аз ташкили ҳама гуна сафар ва саёҳатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, ки ба ҷони худ ва дигарон хатар эҷод мекунанд, то замони ба эътидол омадани вазъият худдорӣ намоянд.

Кумита дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳрониро дар самти сайёҳӣ таҳия намуда, дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ҷиҳати самаранок истифода бурдани вақт барои таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ барои мавсимҳои оянда гуфтушунидҳо идома доранд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа, таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо мабразу дастшӯйгоҳҳо бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, дар мазеъҳои кӯҳӣ сохтани меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти рекламаҳои иҷтимоӣ дар ташаккул ва бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ва намудҳои сайёҳӣ, фароҳам овардани шароит барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ 22 -23 апрели соли 2020 дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рашт, Лахш, Шаҳринав, Данғара ва Балҷувон семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба рушди сайёҳии экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19, бо иштироки шарикатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ва субъектҳои хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади татбиқи супоришҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии хавфи COVID-19 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони дохилию байналмилалӣ дар назди Кумита ташкил гардида, вобаста ба вазъияти баамаломада вебинару видеоконфронсҳо баргузор гардида истодааст.

Дар ин замина Кумита дар якҷоягӣ бо коршиносони сатҳи байналмилалӣ таҷрибаи давлатҳои хориҷиро мавриди омўзиш қарор дода, намунаи беҳтарини он дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ татбиқ карда мешаванд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381