Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит ба қабули сайёҳон омода мебошад

COVID-19: сайёҳӣ дар давраи пасобуҳронӣ
July 20, 2020
Show all

Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит ба қабули сайёҳон омода мебошад

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳӣ аз мавзеъҳои сайёҳии дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дидан намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар қаламрави шаҳри Ваҳдат яке аз манзараҳои зеботарини ҷумҳурӣ ва минтақаи сайёҳии кишвар-дараи Ромит ҷойгир аст, ки дар он оби шифобахши «Зайрон», «Мамнўъгоҳи Ромит», мавзеи фароғатию сайёҳии “Арху”, иншооти зиёди истироҳатию фароғатӣ азнавсозӣ гардиданд.

Инфрасохтори шаҳр мукаммал гардида, барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ дошта, дараи Ромит бо обҳои муссафо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш шуҳрат дорад. Гуруҳи корӣ нахуст аз осоишгоҳи Зайрон дидан намуд.

Бояд гуфт, ки осоишгоҳи «Зайрон» бо оби шифобахши худ маъруф буда, дар ин рӯзҳои гарму офтобӣ шумораи мизоҷони  осоишгоҳ меафзояд ва оби табиии аз синаи кӯҳ ҷорӣ ба чандин дарду бемории онҳо шифо мебахшад.

Ин об барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту пою сутунмуҳра ва пӯст пешбинӣ шудааст. Об дар таркиби худ калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад. Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарёст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад.

Зимни сафар ҳамчунин гуруҳи корӣ аз мавзеи фароғатию сайёҳии Арху дидан намуд.

Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 75 километрӣ аз пойтахти мамлакат, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат  воқеъ гардидааст. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дарбар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон мебошад.

Меҳмонхонаи навбунёди ин маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд. Имкониятҳои маҷмааи мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани имконияти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ дар минтақа таъсири мусбӣ мерасонад.

Арху ном гирифтани ин мавзеъ ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд доштааст. Баъдтар сокинони он дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд. Худи Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад.

Дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои кишвар ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардиданд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ, хизматрасониро барои боздиди сайёҳон ҷиҳати дидан намудан ба роҳ монанд.

Ҳазамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир меандешад.

     

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381