Дар Суғд ҷаласаи панҷуми гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид

Дар Хуҷанд Бизнес — форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад
October 2, 2019
Шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид
October 4, 2019
Show all

Дар Суғд ҷаласаи панҷуми гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид

3 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳошияи ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҷаласаи панҷуми гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид.

Зимни ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода нахуст ташрифи меҳмонон — коршиносони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодиро ба Тоҷикистони офтобрӯя хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуд.

Сипас, коршиносон лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 3 – юми вазирони сайёҳии узви СҲИ ва дигар масоили мавриди назарро баррасӣ намуданд.

Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Ҳуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва коршиносони аршади он баргузор мегардад.

 

 

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381