Дар Душанбе Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба мавзӯи сайёҳӣ баргузор мешавад

Таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад
October 30, 2019
Нақши сайёҳӣ дар муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ назаррас аст
November 1, 2019
Show all

Дар Душанбе Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба мавзӯи сайёҳӣ баргузор мешавад

8-9 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор мегардад.

Мақсад аз ташкили форум мусоидат намудан ба такмили қобилияти таҳлилӣ ва таҳқиқии ҷавонони муҳассил дар самти сайёҳӣ ва арзёбии андешаҳои онҳо перомуни рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381