Дар Бизнес-форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 15 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд

Шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид
October 4, 2019
Намояндагони TV «Fly Brother» ба журналистони бахши сайёҳии Тоҷикистон ҷиҳати инъикоси имкониятҳои сайёҳӣ дарси маҳорат омӯхтанд
October 11, 2019
Show all

Дар Бизнес-форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 15 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ 5 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Бизнес-форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, ассотсиатсия ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оғоз намуда, нахуст ташрифи меҳмононро ба Тоҷикистони офтобрӯя хайрамақдам гуфт ва изҳори итминон кард, ки форуми имрӯза ба рушди муносибатҳои ду давлат дар самти сайёҳӣ ва истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки имрӯз ба тамоми нишондиҳандаҳои соҳа таъсири амиқи худро расонида истодаанд.

Дар ин радиф бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод карда шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда, дар 9 моҳи соли 2019  50 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфтанд ва ба бозори хизматрасонӣ ворид гардиданд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ қариб ба 200 адад расонида шуда, ҳавасмандии аҳолии фаъоли иқтисодии мамлакат барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ тадриҷан меафзояд.

Зикр гардид, ки барои давлати мо рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дорад. Ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва заминаҳои мавҷудаи ҳамкории байни ду давлат дар самти сайёҳӣ рӯнамо манзур карда шуд.

Муовини сардори Департаменти сайёҳии назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Киял Кенҷематова муносибатҳои самараноки дуҷонибаро дар рушди сайёҳӣ барои ҳарду кишвар манфиатовар хонда, омодагии ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистонро дар ин самт баён намуд.

Дар кори бизнес-форум муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини директори КВД «Тоҷинвест», Ҷавоҳир Музаффарӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд дар самтҳои зерин, аз ҷумла ҳамкории мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкории байни субъектҳои сайёҳии ҳарду давлат, ташкили инфотурҳо, ташкили хатсайрҳои муштарак, баррасии имкониятҳои зиёд намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ ва мунтазам баргузор намудани бизнес-форуми доираҳои сайёҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон фаъолиятҳоро тақвият бахшанд.

Дар интиҳои кори бизнес форум 15 санади ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо ва дигар субъектҳои сайёҳии ҳарду ҷониб, аз ҷумла Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳии Қирғизистон, Ассосиатсияи курортҳои Қирғизистон, ширкатҳои сайёҳии «Қирғизпамиртурз», меҳмонхонаи «Шанхай сити», «Дестинатсия Ош», «Гид Ош», «Киргизконсептош» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ассосиатсияи эко-фарҳангии Помир, ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Бозори Вору», ҶДММ «Сафари Помир», ҶДММ «Олами саёҳат», Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ҶДММ «Сайри Бустон» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Сипас, меҳмонон аз маконҳои ҷолиби вилояти Суғд дидан намуда, аз тамошои онҳо ҳаловат бурданд ва ба захираву имкониятҳои сайёҳии вилоят баҳои баланд доданд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381